Оғози сафари 4-рӯзаи Раҳмон ба Суғд: Ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунӣ дар Айнӣ

Сафари кории Президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунии ширкати "ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ" оғоз бахшиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид,, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, нахуст президент дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ" оғоз бахшиданд.
Таъкид шудааст, ки маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш намуда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуд.
Шодбошии Раҳмон ба Эрон: Ӯ гуфт, чаро таваҷҷуҳ ба СҲШ зиёд аст
Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" 1200 гектарро ташкил медиҳад.
Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон — "Кумарғи боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" амалӣ карда мешавад.
Кони "Кумарғи боло" қариб 4 ҳазор метр ва "Дуобаи Шарқӣ" дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.
Иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила — истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ анҷом дода мешавад.
Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.