ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Мудири Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ба ҳайати кумитаи тадорукоти Озмуни II байналмилалии "Пешвои дипломатияи мадумӣ" шомил шуд.
Дар кумитаи тадорукоти озмуни байналмилалӣ ҷумҳуриро ректори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Дар нишасти хабарие, ки дар маркази матбуоти "Россия сегодня" баргузор гардид, зикр гардид, ки ин озмун зарурат ва аҳамияти рушди институтҳои дипломатияи мардумӣ дар саросари ҷаҳонро тасдиқ кард.
Сардори Раёсати кор бо созмонҳои ғайридавлатии Россотрудничество Анастасия Степанова қайд кард, ки озмуни байналмилалии "Пешвои дипломатияи мардумӣ" дар соли 2022 ба он аз ҷониби ҳамватанони тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
"Россотрудничество” минбаъд низ ба таври иттилоотӣ ва ташкилӣ озмунро дастгирӣ хоҳад кард. Коршиносони ин ниҳод аз дастгирии модули таълимии озмун омодаанд, бо иштирокчиён ва ғолибон аз таҷриба ва дониши худ мубодилаи афкор кунанд, ҷавонони ғамхору шавқмандро ба лоиҳаҳои Россотрудничество ҷалб намоянд, ки дар Русия ва хориҷи кишвар амалӣ мешавад”, - гуфт коршинос.
Озмуни II байналмилалии "Пешвои дипломатияи мардумӣ" - 2023 дар Анҷумани иқтисодии байнулмилалии Санкт-Петербург, ки ахиран баргузор шуд, оғоз ёфт.
Дар соли гузашта 30 нафар - намояндагони 13 давлат ғолиб шуданд.
Ташкилкунандаи озмуни байналмилалӣ ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии "Ассамблеяи халқҳои Россия" мебошад. Лоиҳа бо дастгирии Фонди грантҳои президентӣ амалӣ мегардад.