ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз коҳиши ёфтани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ба андозаи 15% хабар дод.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи ҳамкории ниҳодаш бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба таври миёна арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ то 15% кам карда шуданд.
"Бо мақсади паст кардани нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, Хадамоти алоқа аз тариқи ҳамкорӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ тамоми нақшаҳои тарофавии операторони алоқаи мобилиро мавриди баррасӣ, омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба ин натиҷа расид", - гуфт Атоев.
Вай афзуд, гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони соҳавӣ корро дар ин самт идома дода, нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ боз ҳам кам карда мешавад.
Ахиран дар Тоҷикистон қонуни ҷадид "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро қабул кард, ки яке аз аҳдофи он таъмини рақобати озоду бовиҷдонона муаррифӣ шуд.
Қабули қонун дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.
Инчунин дар пайи дастури роҳбари давлат Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон низ эълон дошт, ки ба чораандешӣ барои поин бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ оғоз кардааст.