Ҷароҳати ҳашт тоҷикистонӣ дар як садама дар қаламрави Қазоқистон

Ҳамаи мусофирон аз ҷумла се ноболиғ, ба бемористони ноҳиявӣ интиқол дода шуданд, ронанда аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар вилояти Актюбински Қазоқистон як мошин бо ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон чаппа шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти пулиси Қазоқистон, ин мошине, ки дучори садама шуд, “Форд Галакси” будааст.
Дар шоҳроҳи Самара-Шимкент ронандаи мошин идораи мошинро аз даст дода, аз роҳ берун шудааст. Ҳафт мусофир, аз ҷумла се ноболиғ ҷароҳат бардоштаанд.
Онҳоро ба бемористони марказии вилояти Хромтау бурданд, вале ронанда аз бистарӣ шудан худдорӣ кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ду мард ҳангоми кӯшиши дуздии маъдани тило аз майдони истихроҷи он дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ба ҳалокат расидаанд.
Мошин бо 4 тоҷик дар Саратов ба буз бархӯрду дучори садама шудаст
Ба иттилои Додситонии кулли ин кишвар, фавтидагон ба кон ғайриқонунӣ ворид шудаанд, гарчанде дар тан либоси коргарӣ доштанд.
Ба иттилои манбаъ, шояд одамонро яке аз мошинхои зеризаминии худгард, ки маъдан мекашонд, пахш карда бошад.