ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Арабистони Саудӣ ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ Академияи забономузӣ, ки дар он забаонҳои арабӣ ва англисӣ омӯхта мешавад, ташкил намояд.
Дар ин баро дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин масъала дар мулоқоти муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло бо роҳбари ширкати “Каян Груп ва TBA” -и Арабистони Саудӣ Шайх Туркӣ Ал-Сайлонӣ баррасӣ шуд.
Инчунин ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳо дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони кишварҳои араб ба Тоҷикистонро баррасӣ гардиданд.
“Роҳбари ширкати “Каян Груп ва TBA” кушода шудани Академияи забономузиро дар Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисон барои омузонидани забонҳои англисӣ ва арабӣ барои рушди хизматрасонӣ муофиқи мақсад ва саривақтӣ арзёбӣ намуд”, - таъкид кардааст Кумита.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ ҷонибҳои барои баргузор намудани вохӯрии маҷозии ширкати “Каян Груп ва TBA” ва ширкатҳои сайёҳии ватание, ки бо шаҳри Шарм-эш-Шейхи Миср ҳамкории зич доранд, масъалагузорӣ намуданд.
Инчунин зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ташкили хатсайрҳои мустақими сайёҳӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шарм-эш-Шейх барои муаррифӣ намудани маконҳои сайёҳии тарафайн мусоидат менамояд.