Ҳукумат давлатӣ кардани литсейи Оқохонро дар Хоруғ тасдиқ кард

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман давлатӣ шудани литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғро тасдиқ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Собиқ литсейи Оқохон дар оянда ҳамчун литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат фаъолият хоҳад кард.
Дар ин бора ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия иттилоъ дода, афзудаст, ки муассиса бо нигоҳ доштани шароитҳои пештара фаъолияташро ба роҳ мемонад.
"Ҳамзамон ду муассисаи томактабие, ки дар назди литсейи пештара фаъолият доштанд, низ дар асоси "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ" таълиму тарбияро идома медиҳанд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намудаст, ки омӯзгорони собиқ литсейи Оқохон фаъолияти омӯзгории худро дар литсейи давлатӣ барои кудакони болаёқат идома медиҳанд.
Русия квотаи таҳсил барои хориҷиёнро зиёд мекунад
Ба иттилои ҳукумати ВМКБ, ҳамчунин беш аз 1,1 ҳазор хонандае, ки дар собиқ литсейи Оқохон таҳсил намуданд, низ таҳсилашонро дар литсейи давлатӣ тибқи барномаи давлатие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, идома медиҳанд.
Ҳукумати ВМКБ таъкид кардаст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта сатҳи сифати таҳсилотро дар доираи барномаҳои таълимии давлатӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ медорад.
Литсейи Оқохон даҳсолаҳо дар шаҳри Хоруғ фаъолият дошта, аз ҷумлаи маъруфтарин муассисаҳои таълимии ВМКБ ба шумор мерафт, ки хатмкунандаҳои он дар донишгоҳҳои байналмилалӣ таҳсилашонро давом медоданд.