ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 2,5 млн воя ваксинаи зидди бемории сурхча дастрас кард.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ваксина дар асоси Барномаи миллии иммуннопрафилактика ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.
Гуфта мешавад, вазорат нақша дорад, беш аз 2,6 млн кӯдакони аз 6 -моҳа то 15 -соларо моякӯбӣ кунад.
Ба гуфтаи Ҷаъфаров миқдори ваксинаи воридшуда вобаста ба талабот ва шумора ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тақсим мегардад ва баъдан рӯзҳои моякӯбии умумиҷумҳуриявӣ дар як давраи муаян амалӣ карда мешавад.
“То ин рӯз мо бояд мутахассисони соҳавиро аз бозомӯзӣ гузаронем, пас аз ҷудонамоии ваксина ба манотиқ тартиби нигоҳдории онро фароҳам кунем”, - гуфт намояндаи вазорат.
Қарор аст, ки чунин корҳо ба таъкиди мавсуф, давоми як ё якуним моҳ анҷом шуда, пасон дар пайи муроҷиати махсуси вазорат ба аҳолӣ рӯзҳои моякӯбӣ эълон шавад.
Ӯ ҳамзамон афзуд, ки то санаи даҳуми моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон боз 400 ҳазор воя ваксинаи зидди сурхча ворид хоҳад шуд.
Бино бар шарҳи мутахассис, сурхча бемории вирусӣ буда, хоси қишри кӯдакон буда, калонсолон низ дучори он мешаванд. Он миёни хурдсолон бидуни мушкилӣ мегузарад ва дар калонсолон баъзан монеа эҷод менамояд.
Беморӣ зуд паҳншаванда буда, дар як муддати кутоҳ метавонад на танҳо як хонавода, балки ҷомеаро сироят кунад.
Ба таъкиди Ҷаъфаров, моякӯбӣ яке аз роҳҳои саривақт ва арзони пешгирии ин беморӣ мебошад.