ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳаҷми муомилоти мол миёни Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) хеле афзоиш ёфтааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки ба таври онлайнӣ баргузор мешавад, изҳор дошт.
Вай аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи аз январ то апрели соли равон муомилоти мол бо кишварҳои дигари узви созмон 35% афзуд.
Ба гуфтаи вай, Русия ҷонибдори густариши ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар бахшҳои мухталиф - аз сармоягузорӣ то саноат ва логистика мебошад.
Аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахши бонкиву молӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, коммуникатсия, рақамисозӣ ва технологияҳои олиро ояндадор арзёбӣ намуд.
Путин афзуд, ки монеаҳои танзимотӣ дар ташкили инфрасохтори пардохт бояд бартараф шаванд ва як низоми мустақили молиявӣ дар масъалаи тиҷорати мутақобилан байни давлатҳоро зарур донист.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки беш аз 80%-и муомилоти тиҷорӣ миёни Русия ва Чин бо рубл ва юан сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи пули русӣ дар муомилоти содиротӣ бо ҳамаи кишварҳои СҲШ дар соли 2022 аз 40% гузашт, гуфт ӯ.
Дар Деҳлии Ҳиндустон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз тариқи виртуалӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони кишварҳои узв иштироку суханронӣ намуданд.