Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ - видео

Нишасти анъанавии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли равон таҳти раёсати сарвазири Ҳиндустон аз тариқи видеоӣ ҷараён дорад
Sputnik
Дар Деҳлӣ нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор шуда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз Модӣ ихтисораи SECURE SCO ё худ "Дар роҳ ба сӯи СҲШ-и амн"-ро пешниҳод карда буд, ки ба забони англисӣ дар таркибаш мафҳумҳои дигарро ҷой кардааст.
Калимаи SECURE дар ин ҳолат на танҳо "бехатарӣ" балки дигар маъноҳоро низ ғунҷондааст.
Аз ҷумла дар ин ихтисора security (амният) economy and trade (иқтисод ва тиҷорат), connectivity (пайвандӣ), unity (ягонагӣ), respect for sovereignty and territorial integrity (эҳтироми мустақилияту тамомияти арзӣ) ва environment (муҳити атроф)-ро фаро мегиранд.
"Армуғон": Эрон дар рӯзи истиқлоли Амрико узви СҲШ мешавад
Дар ҳамоиш суханронии роҳбарони кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла роҳбари Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия, Владимир Путин низ дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Интизор меравад, ки дар нишасти феълӣ Эрон низ узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардад. Раванди пайвастшавии Белорус низ ба СҲШ оғоз мешавад.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.