ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳоли афзоиш аст, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ.
Президенти Тоҷикистон зикр карданд, ки СҲШ ҳампайвандии беназири тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҷассум менамояд ва ин далели ҷолибияти баланди он мебошад.
Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод кард.
Дар зимн президенти Тоҷикистон аз пайвасти комили Эрон ба СҲШ истиқбол карда, роҳбари ҷумҳурии исломиро бо ин рӯйдод шодбош гуфт. Ҳамчунин ҷонибдорӣ аз пайвастани Белорус ба СҲШ баён карда шуд.
Сарони кишварҳои узви СҲШ, зимни нишасти онлайнӣ таҳти раёсати Ҳиндустон 11 қарору санад имзо карданд.
Аз ҷумла қарорҳо дар бораи додани мақоми давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Эрон ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ӯҳдадориҳои Беларус дар мавриди гирифтани мақоми аъзои СҲШ мебошанд.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва ҳамакнун Эрон мебошанд. Раванди пайвастшавии Белорус низ ба СҲШ оғоз мешавад.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.