ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, узвият дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) барои кишвараш дар таҳкими амният, таъмини истиқлолият ва рушди устувори иқтисодӣ шароит фароҳам месозад.
"Мо бовар дорем, ки узвияти комил дар ин созмони муҳим (СҲШ) ба Эрон шароит барои амнияти дастаҷамъӣ, имкони рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини истиқлолиятро ба андозаи бештаре фароҳам месозад", - таъкид кард Иброҳим Расиӣ дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ).
Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ таъкид кард, ки пайвастани Теҳрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба рушди ин иттиҳодия мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай, зарфияти Эрон метавонад суръати рушди СҲШ-ро суръат бахшад.
“Бидуни шак, ширкати фаъол Эрон дар кори Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин узвияти Эрон як рӯйдоди муҳим дар таърихии ин созмон аст.
Вай ҳамчунин ба зарурати муқовимат ба иқдомҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида бо роҳи таҳкими шарикӣ кишварҳои узви СҲШ, таҳкими зерсохторҳо ва робитаҳои бонкиву молӣ дар СҲШ ишора кард.
Раисӣ ҳамчунин ба амнияти энержӣ ҳамчун як соҳае, аст, ки ба он бояд таваҷҷуҳ дод, ишора кард.
Ҳамзамон раисҷумҳури Эрон илова кард, ки доллар ҳамчун василаи гегемонияи Ғарб бояд аз амалияи ҷаҳонӣ хориҷ карда шавад, то низоми нави иқтисодӣ ба вуҷуд ояд, гуфт президент Иброҳим Раисӣ.
"Султаталабии ҷаҳони ғарбӣ ба бартарии доллар мусоидат мекунад. Барои эҷоди як низоми нави иқтисодӣ ин абзори султаталабиро аз амалияи ҷаҳонӣ бояд аз байн бурдан, дар ҳисоббаробаркунӣ байни кишварҳо бояд пули миллӣ истифода шавад", - гуфт зимни суханронӣ оқои Раисӣ.