ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ҷаласаи ахире дар Маскав гуфт, артиши кишвараш тавассути зарбаҳои муассир иқтидори ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро коҳиш медиҳад.
"Ман аз вазъи кор дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ оғоз мекунам. Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба душман зарбаҳои тахрибкоронаро идома медиҳанд. Ин ҳамлаҳо ба таври қобили мулоҳиза имконоти артиши Украинаро коҳиш медиҳанд", - гуфт ӯ дар нишасте.
Шойгу қайд кард, ки артиши Украина ба ҳадафҳои ҳамлаи ҷавобии худ дар ҳеҷ як самт ноил нашудаанд.
"Дар маҷмӯъ, душман дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳои худ нарасид. Ин аз маҳорати сарбозони мо ва ба таври возеҳ аз ҳад зиёд баҳо додани интизориҳо аз аслиҳаи пурифтихори Ғарб шаҳодат медиҳад", - гуфт вазири дифоъ.
Вай афзуд, мақомоти Украина бо исрори Ғарб аз фармондеҳии нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо вуҷуди талафоти қобили мулоҳиза идомаи ҳамларо тақозо мекунанд.
"Роҳбарияти Украина талафоти ҳангуфтро ба эътибор нагирифта, бо исрори лӯхтакбозони ғарбӣ аз фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина тақозо мекунад, ки ҳамларо идома диҳад", - гуфт Шойгу.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.