ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Русия дар рӯзҳои 23-25 июн ба далели садоқати артиши кишвар ноком шуданд.
Ин нуктаро вазири дифои Русия, Сергей Шойгу зимни ҷаласа дар ниҳоди тобеяш баён дошт.
"Ҳамин тариқ, нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Русия пеш аз ҳама барои он барбод рафтанд, ки ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳ ба савганд ва вазифаи ҳарбии худ садоқат нишон доданд", - гуфт вазир.
Ӯ таъкид намуд, ки иғвогарӣ ба амали нерӯҳои мусаллаҳ дар минтақаи амалиёти вижа таъсир нарасонд ва хизматчиёни ҳарбӣ далерона ва фидокорона ҳалли вазифаҳои дар наздашон гузошташударо идома доданд.
Вазири дифоъ ҳамчунин изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки тақрибан як моҳ боз ҳамлаҳои бемуваффақият анҷом медиҳанд, дар ҳеҷ самт ба комёбӣ ноил нашудаанд.
Ба гуфтаи Шойгу, ҳариф тақрибан 2,5 ҳазор аслиҳа, аз ҷумла 16 танки "Леопард"-ро талаф додааст.
"Ин тақрибан 100%-и танкҳои ин навъ мебошанд, ки аз Лаҳистон ва Португалия интиқол дода шудаанд", - таъкид кард вазири дифоъ.
Вай афзуд, аз Киев, пуштибонҳои ғарбиаш идомаи ҳамларо талаб доранд ва талош доранд, "адами муваффақият дар заминро тавассути тирборони террористӣ ба ҳадафҳои ғайринизомӣ ҷуброн кунад".
Шойгу таъкид намуд, ки амалҳои касбии хизматчиёни ҳарбии Русия имкон дод, ки талафот дар байни аҳолии осоишта ба ҳадди ақал расонида шавад ҳаёти садҳо нафар наҷот ёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти вижаи низомӣ ба ҳимояи Донбасс аз моҳи феврали соли 2022 идома дошта, ҳадафи он ҳимояи афроде гуфта мешавад, ки таҳти таҳқибу наслкушӣ қарор доштанд.