Мусобиқаи футбол миёни ҷавонони муҳоҷири тоҷик ва дигар миллатҳо дар Уляновск

Барои пурзӯр намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тоҷик ва дигар миллатҳо дар вилояти Уляновски Русия мусобиқаи футбол ташкил карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар майдони варзишии ноҳияи Вешкаймаи вилояти Уляновски Русия мусобиқа оид ба футбол байни варзишгарони ҷавон барои дарёфти мукофоти "Туби чармин-2023" баргузор шуд, иттилоъ додааст Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории мусобиқа пурзӯр намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тоҷик ва дигар миллатҳо будааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки мусобиқаи мазкур дар майдони варзишии ноҳияи Вешкаймаи вилояти Уляновски Русия сурат гирифт.
Дар мусобиқа зиёда аз 50 нафар футболбозони наврасу ҷавон барои дарёфти мукофоти "Туби чармин-2023" рақобат карданд.
“Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаëти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони тамоми қавму миллатҳои муқими вилояти Уляновски Русия, оммавӣ гардонии намуди варзиши футбол ва пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасон ва ҷавонон мебошад”, иттилоъ додааст манбаъ.
Дусад тамошобин дар бозии асосӣ: Чаро тоҷикистониҳо ба тамошои футбол намеоянд?
Ёдовар мешавем, ки дар Маскав низ ҳар сол ҷамъияти “Нур” мусобиқаи футбол ташкил мекунад, ки дар он даҳҳо тимҳои мухталиф иштирок мекунанд.
Дар ин тимҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок доранд.