ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар 32-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Гусман Косанов дар Алмаатои Қазоқистон варзишгарони Тоҷикистон як нишони тило ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ин мусобиқа садҳо варзишгар зӯрозмоӣ кунанд.
"Дар мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 12 давлат ширкат карданд: Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Тайланд, Гурҷистон, Ҳиндустон ва Қазоқистон", - омадааст дар иттилоия.
Дар ҳайати тими варзиши сабуки Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.39 метр ҷои аввалро соҳиб шуд.
Варзишгари дигари Тоҷикистон, Кристина Пронженко дар давидан 400 метр бо монеаҳо ҷои сеюмро сазовор гардид, омадааст дар иттилоия.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Фонди умумии ҷоизаҳо 25000 доллари ИМА-ро ташкил медод, таъкид намуд Кумитаи миллии олимпӣ.
Маврид ба зикр аст, ки намояндагони бахши варзиши сабуки Тоҷикистон дар мусобиқаи мухталифи байналмилалӣ иштирок намуда, нишонҳо ба даст оварданд.
Ахиран дар як мусобиқаи байналмилалии дав ба масофаи 200 метр миёни мардҳо, се ҷои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд.
Аз ҷумла Фаворис Музрапов бо натиҷаи 21.75 сония ҷои аввал, Илдар Аҳмадиев бо натиҷаи 21.97 сония ҷои дуюм ва Александр Пронженко бо натиҷаи 22.17 сония ҷои сеюмро соҳиб шуда буд.