Шарҳи вазъи тоҷикистонии боздоштшуда ва эълони мотами миллӣ дар Молдова

Вазъи саломатии шаҳрванди Тоҷикистон, ки як марзбон ва афсари амниятии фурудгоҳ дар пойтахти Молдоваро паррондааст, вазнин боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёв даст ба тирандозӣ зада буд, хеле вазнин боқӣ мемонад.
Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии Молдова, Диана Фетко ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додаст.
"Аҳволи ҳамлагар ҳанӯз хеле вазнин аст, вай таҳти назорати табибон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд", - гуфт Фетко.
Қаблан сардори нозироти пулиси Молдова, Виорел Сернаутеану зимни брифинг гуфта буд, ки муттаҳам аз музокира бо пулис сарпечӣ кард ва ҳангоми амалиёти безараргардонӣ сахт маҷрӯҳ шуд.
Дар зимн раисиҷумҳури Молдова, Майя Санду, рӯзи 4 июлро ба ёди афсари марзбон ва масъули амниятии фавтида дар фурудгоҳи Кишинёв рӯзи мотами миллӣ эълон кард.
Мақомоти Молдова мегӯянд, 30 июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ сокини 43-солаи Душанбе ном бурда мешавад, бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Кишинёв омада, дар фурудгоҳ иҷозати вуруд пайдо накард ва даст ба тирпарронии маргбор зад.
Оқибати дурҷӯӣ аз ИДМ: Чаро Кишинёв фавран дар бораи муттаҳами тирпарронӣ маълумот наёфт?
Бар асоси гузоришҳо, вай ҳангоми роҳнамоӣ ба минтақаи махсус барои бозгашт, таппончаи маъмури амнияти фурудгоҳро ситонда, ду нафар - як марзбон ва масъули амнияти фурудгоҳро парондаст.
Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ин нафар узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад. Мақомоти додситонии Тоҷикистон афзуд, ки ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн идома дорад.