Дар Фаронса дар пайи нооромиҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ беш аз 800 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад радиои LCI бо истинод ба маълумоти вазорати корҳои дохилӣи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир беш аз 870 сӯхтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод рӯзи қабл зиёда аз 2,5 ҳазор ададро ташкил медод.
Аз ҷумла 577 сӯхтори мошинҳо сабт шудааст, ки рӯзи қабл ин нишондод ба 1350 баробар буд. Теъдоди оташзаниҳои биноҳо беаз аз 70 ҳолат гуфта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки нооромиҳо дар Фаронса тайи рӯзҳои охир идома дошта, эътирозгарон даст ба бетарибиҳо аз ҷумла ҳамла кормандони пулис зада, садҳо маъмурро маҷруҳ кардаанд.
Қайд мешавад, ки 10 шӯъбаи пулис, 6 қитъаи пулиси маҳаллӣ ва 10 казармаи жандармерия мавриди ҳамлаи эътирозгарон дар Фаронса қарор гирифтанд
Ҳодиса баъди он шуруъ шуд, ки маъмурони пулис ҳангоми тафтиш дар роҳ дар Нантер як навраси 17-соларо, ки ба гуфтаи маъмурони амниятӣ, аз иҷрои талаби онҳо сарпечӣ кард, тир холӣ карданд.
Ба иттилои ВКД, дар саросари кишвар ҷавонон ҳудуди 3,3 ҳазор мошин ва биноҳои пулис ва ҳукуматро оташ задаанд.
Вазорати иқтисод ҳисоб кардааст, ки ҳудуди 250 филиали бонкҳо, 200 мағозаи хӯрокворӣ ва тақрибан даҳ маркази савдо ғорат шудаанд.
Дар маҷмӯъ ҳудуди 2,4 ҳазор нафар боздошт шудаанд, ки сеяки онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.