Тоҷикистон чанд бозии миллии варзишӣ дорад?

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, бозиҳои миллии варзиширо, ки теъдоди умумияшон беш аз 150 намуд ташкил медиҳанд, эҳёю рушд диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон ҷашнвораи бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар феҳрасти баргузоркунандаҳои он, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Вазорати маориф ва Кумитаи телевизиони Тоҷикистон номбар шуда, таъкид гардидаст, ки ҷашнвора шанбеи аввали моҳ сурат мегирад.
Баргузоркунандаҳо мегӯянд, ҳадафи ҷашнвора эҳё ва тарғиби намудҳои гуногуни бозиҳои миллии варзишӣ мебошад, ки беш аз 151 намудро ташкил медиҳанд.
Қаблан бо ин ҳадаф аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис дода шуда буд.
Фонди ҷоизавии Ҷоми "Ҷавонӣ" маълум шуд
Тибқи омори расмӣ, ба ҳолати оғози соли равон дар кишвар, наздики 10,8 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият доранд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла 126 варзишгоҳ, наздики 7,5 ҳазор майдончаи варзишӣ, беш аз 2,2 ҳазор толори варзишӣ, 94 ҳавзи шиноварӣ, 84 маҷмааю маркази солимгардонӣ ва наздки 800 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва ғайра ном бурда шуданд.
Кумитаи ҷавонон ва варзиш қаблан изҳор дошта буд, ки бо таъсиси Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб таҳким меёбад.