ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бо анҷоми 5 бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 таътили тобистона эълон шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки таътили қаҳрамонии кишвар дар риштаи футбол як моҳ идома хоҳад кард.
Манбаъ афзуд, ки дар ин муддат бошгоҳҳои лигаи олӣ метавонанд ба ҳайати худ ислоҳот ворид кунанд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир тими "Истиқлол"-и Душанбе пешсафи ҷадвали чемпионат аст. Ин даста, ки муриббияш Игор Черевченко мебошад, дар 13 бозӣ 29 хол ба даст овардаанд.
Дар зинаи дуюми ҷадвал "Кӯктош" ҷойгир аст. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар 14 вохӯрӣ 25 имтиёз касб намудаанд, афзуд ФФТ.
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб мақоми сеюмро касб кардааст. Нимаи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 бо бозиҳои даври понздаҳум рӯзҳои 3 ва 4 август оғоз мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тими миллии Тоҷикистон мавқеъашро дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бадтар кардааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон як зина поён рафт. Ҳоло тими миллӣ дар маҷмӯъ дар феҳристи 211 кишвар дар ҷои 109-ум қарор дорад.