Ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявии волейболбозон дар Душанбе

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол миёни тимҳои ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳои Тоҷикистон баргузор шуда, ғолибони сабқат муайян гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дастаи "Хатлон-2" ғолиб ва барандаи ҷойи якуми мусобиқаи варзишӣ дар риштаи волейбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот гардиданд.
Дар ин бор Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ғолибони зӯрозмоӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза гирифтанд.
Таъкид шуд, ки дар мусобиқаи варзишии марҳилаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол дар Душанбе ҳафт даста аз минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб гардида, миёни ҳамдигар рақобат намуданд.
Сазовори ҷойи дуюми мусобиқа дастаи Файзобод гардида, бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Тоҷикистон чанд бозии миллии варзишӣ дорад?
Мақоми сеюми ин сабқат насиби дастаи Душанбе шуда, бозигарони даста бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ва қадрдонии ғолибҳо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди ҳукумати Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода низ иштирок доштааст.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорони чорабинӣ ҷом, диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар бахши варзиш барои оммавӣ гардонидани навъҳои гуногуни варзишӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мусобиқаҳои мухталиф баргузор менамоянд.