ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тоҷикистон як ҳайати кормандони ҳифзи ҳуқуқро барои рӯшан кардани ҷузъиёти ҳодисаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв ба Молдова фиристодааст, иттилоъ дод Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ.
ВУХ Тоҷикистон бо нашри як иттилоия дар шарҳи ҳодисаи мусаллаҳона дар фурудгоҳи Кишинёв бо иштироки табааи тоҷик, изҳор доштааст, ки мақомоти додситонӣ бо ҳамкоронашон аз Молдова дар тамосанд.
"Ба наздикони шаҳрвандони кушташудаи Молдова изҳори ҳамдардии амиқ намуда, бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкории зич бо ҷониби Молдова таъкид мекунем", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти Молдова мегӯянд, 30 июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ сокини 43-солаи Душанбе ном бурда мешавад, бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Кишинёв омада, дар фурудгоҳ иҷозати вуруд пайдо накард ва даст ба тирпарронии маргбор зад.
Бар асоси гузоришҳо, вай ҳангоми роҳнамоӣ ба минтақаи махсус барои бозгашт, таппончаи маъмури амнияти фурудгоҳро ситонда, ду нафар - як марзбон ва масъули амнияти фурудгоҳро парондаст.
Дар натиҷа ин шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои вижа захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфт. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад, мегӯянд мақомоти Молдова.
Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ин нафар узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад. Мақомоти додситонии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн идома дорад.