ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, чангу ғубор, ки кишварро чанд рӯзи охир фаро гирифтааст, боқӣ мемонад.
Аз ҷумла ВМКБ-ро низ чангу ғубор фаро гирифта, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 3+8 дараҷа ва рӯзона то 15+20 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шимоли Тоҷикистон ҳарорат дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мегардад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорати ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.