Дар Тоҷикистон нафақа ва стипендия 20% баланд шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар авоили соли ҷорӣ ба ҳукумат дастур дод, ки ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳо андешад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Аз 1 июл дар Тоҷикистон нафақа, стипендия ва ҳамчунин маоши омӯзгорон, олимон ва табибон индексатсия карда мешавад.
Фармони дахлдорро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат моҳи феврали соли ҷорӣ имзо кард.
Аз ҷумла, нафақаи асосӣ 250 сомонӣ (ҳудуди 23$) ва стипендияи донишҷӯён то 200 сомонӣ (ҳудуди 18,5 $) боло хоҳад рафт. Аммо ин тадбир ба пардохтҳои президент таъсир намерасонад.
Чунин индексатсияи маоши кормандони соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ интизор аст, ки онҳо 20% зиёд карда мешаванд.
Вазир ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистонро эълон кард
Ҳамин тавр, маоши асосӣ 20% зиёд шуда, 440 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи феврал раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2023 ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо кард.
Сарвари давлат ба ҳукумат дастур дод, ки иҷрои онро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин намояд.