Бино ба гузориши телевизиони марказии Чин, дар як корхонаи кимиёвӣ таркиши мудҳиш ба амал омад.
Сӯхтор дар корхонаи кимиёвии ширкати Jiangxi QianTai New Materials дар музофоти Ҷянси Чин рух дод. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, нишон медиҳанд, ки сутунҳои дуди сиёҳ ба осмон мебароянд.
Тибқи иттилои пешакӣ, сабаби таркиш дар як корхонаи кимиёвӣ дар Чин сӯхтори равғани силикон будааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Гуфта мешавад, сокинони маҳаллаҳои ҳамсоя ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.
Мақомоти Чин аллакай таҳқиқи сабабҳои ин ҳодисаро оғоз кардаанд. Дар ҳоли ҳозир сӯхторнишонҳо ба хомӯш кардани сӯхтори баъди таркиш идома медиҳанд.