ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии "Себзор"-и ноҳияи Роштқалъа шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Расулзода зимни ин сафар ба масъулин аз зарурати сари вақт ба кор андохтани блоки аввали неругоҳи барқи обӣ ёдовар шуд.
Маъмурияти ВМКБ қайд кард, ки дар ин иншоот кормандони ширкати "Тоҷикгирдолэлектромантаж" кор мекунанд.
Зикр гардид, ки тоо имрӯз сарбанди НБО-и "Себзор" бо баландии 9 метр васл карда шуда, корҳои заминканӣ дар ин мавзеъ 90 % ба анҷом расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар саросари дарёи Шоҳдара сохта мешавад. Он метавонад даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ таъмин кунад ва ҳамчунин ба манотиқи марзии Афғонистон нерӯи барқ содир кунад.
Мувофики нақшаи генералии тасдиқшуда Нерӯгоҳи обии барқӣ бо се агрегат таъмин карда мешавад. Соли 2024 ба истифода додани "Себзор" ба нақша гирифта шудааст.