ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Қабули Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони давлатҳо дар назар аст.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров иттилоъ дод.
"Дар нишасти дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳо, ки рӯзи 4 июл баргузор мешавад, узвияти комили Эрон ба расмият дароварда мешавад", - изҳор дошт Лавров.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар баробари Теҳрон Минск низ ба ин иттиҳодия шомил мешавад. Ҳамин тариқ, кишварҳо дар бораи пайвастан ба СҲШ як ёддошт имзо хоҳанд кард.
Таъкид мешавад, ки барои Беларус ин танҳо расмиёти шомилшавии комил ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро оғоз мебахшад.
Қаблан раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ азми қотеъ барои узвият дар СҲШ-ро таъкид карда, афзуд, фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад.
"Танҳо кишварҳои ғарбӣ муқобили бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастанд. Ҷаҳони чандқутбӣ, бахусус, бо кумаки созмонҳои минтақавӣ, ба мисли СҲШ сохта мешавад", - изҳор дошта буд Раисӣ.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.