ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Комиссияи ҳукуматӣ аз маҳалли офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа дидан кард. Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки нахуст гурӯҳи корӣ ба маҳалли будубоши муваққатии сокинони аз офати табиӣ осебдидаи деҳаи Анҷиркон расиданд.
Ҳамин тариқ, бо дастури бевоситаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои 143 нафар, аз ҷумла 15 оилаи осебдида ва 16 оилае, ки хоҷагиҳои онҳо зери хатари сели такрорӣ қарор доранд, шароити мусоиди зист фароҳам оварда шуд.
Раиси ноҳия Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва комиссияи ҳукуматӣ бо осебдидагон аз офати табиӣ суҳбат карданд.
Пас аз он комиссияи ҳукуматӣ бо вазъи кунунии минтақаи обхезӣ шинос шуд.
Ёдовар мешавем, ки сел, ки дар ноҳияи Роштқалъа фаромада, боиси хароб шудани биноҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва заминҳои кишоварзӣ гардид.
Ба гуфтаи коршиносон, он дар натиҷаи гармшавии шадид, ки боиси об шудани яху барфи кӯҳистонӣ ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Шоҳдара сурат гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои рафъи паёмадҳои изтирорӣ як комиссияи ҳукуматӣ таъсис дод.
Аз ҷумла, тибқи дастури президенти кишвар амнияти 210 оилае, ки дар наздикии соҳилҳои Шоҳдара зиндагӣ мекунанд, таъмини бехатарии онҳо, ба ҷойҳои орому осоишта кӯчонидани онҳо, бо маводи ғизоӣ таъмин намудан ва барқарор кардани биноҳои вайроншуда.