ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Се рӯз пас маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ба охир хоҳад расид.
Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Афшини Муқим, ки худ низ дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҳузур дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бозгашти хоҷиёни тоҷик эҳтимолан аз 5 июл шуруъ мешавад.
Вай изҳор дошт, ки раванди бозгашт беш аз даҳ рӯз идома хоҳад дошт.
"Ҳоло иҷрои маносики "айёми ташриқ" ё се рӯзи пас аз Иди Қурбон шуруъ шуда, ба шумули имрӯз, ду рӯзи дигар идома хоҳад дошт. Як умумияти ин рӯзҳо ин аст, ки зойирин ба Мино рафта, дар ҷамарот (се сутун) ба Шайтон сангандозӣ мекунанд", - гуфт Афшини Муқим.
Сухангӯи Кумитаи дин гуфт, пас аз анҷоми "айёми ташриқ", ки ба рӯзи 2 июн рост меояд, зойирин омодагӣ барои сафар ба кишвари худро мегиранд.
Тибқи ривоёти исломӣ, барои ҳифзи таровату файзи рӯҳонӣ аз анҷоми ҳаҷ ҳоҷӣ бояд ҳар чӣ зуд ба ватан баргардад ва дар Макка таъхир накунад.
Бино ба ҳадиси Паёмбари Ислом (с), онҳое, ки аз кишварҳои дигар меоянд, метавонанд фақат се рӯзи дигар дар Макка бимонанд.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, соли равон аз ин кишвар беш аз 4 ҳазору 500 нафар ба хотири зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Харҷи ин сафар, ки аз сӯи мақомот муайян шудааст, барои як нафар 59 ҳазор сомонӣ ё 5 ҳазору 630 доллар тамом мешавад.