ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Падари Далери 6-сола, ки ахиран ҷасадашро ёфтанд, тоҷик буда, шаҳрвандии Русияро дорад, иттилоъ доданд аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург.
Тавре аз консулгарӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, падари биологии кӯдак, феълан дар маҳбас қарор дошта, модари биологияш сокини маҳаллӣ гирифтори майзадагӣ мебошад. Таъкид шуд, ки Далер ба фарзандхонӣ гирифта шуда будаст.
Манбаъ афзуд, мақомоти тафтишотӣ муайян кардаанд, ки ҳодисаи марги Далер моҳи декабри соли 2022 рух додааст, аммо модархондаш то ҳол ин ҳодисаро пинҳон мекардасту дар бораи бедаракшавии ӯ танҳо чанд рӯз қабл хабар додааст. Падархонди Далер дар минатақаи амалиёти вижаи низомӣ қарор дорад.
Масъулини консулгарӣ гуфтанд, айни ҳол модархонди Далер боздошт шуда, фарзандхонҳои дигар низ аз ӯ гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар бораи бедаракшавии Далер чанд рӯзи қабл иттилоъ дода шуда, модархондаш гуфт, ӯ мушкили равонӣ низ дораду қаблан низ аз хона фирор карда буд.
Аммо расонаҳои маҳаллӣ аз қавли як фарзандхонди дигари ин хонавода, ки аллакай ба синни балоғат расидасту аз ин оила фирор кардааст, изҳор доштаст, ки Далер дар ин оила мавриди озор қарор мегирифту мустақилона гурехтан наметавонист, чун сахт аз модарандар метарсид.
Мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, таҳқиқи қазия идома дорад.