Дар Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод

Тахминан соати 10-и субҳ заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваста, манбаи зилзила дар 15-километрии ҷануби Хоруғ дар умқи 139 километр ҷойгир будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларза ба шиддати 5,1 дараҷа рух дод.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Тахминан соъати 10-и субҳ заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваста, манбаъи он дар 15-километрии ҷануби Хоруғ воқеъ будааст.
Дар бораи оқибатҳои заминларза то ҳол маълумот дастрас нашудааст.
Супориши Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа
Ин минтақа як минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд - ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар марзи Афғонистон, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ноҳияи Роштқалъа сели харобиовар омада буд.
Бар асари офати табиӣ биноҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, инчунин заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.
Гуфта мешавад, ки обхезӣ бар асари гармшавии шадид рух додааст, ки боиси об шудани яху барфи кӯҳистонӣ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Шоҳдара шудааст.