"Тоҷикистон ба пеш": истиқбол аз тоҷикон дар ҳамоиши "Кӯдакони Иттиҳод" - видео

Лагери "Симурғ"-и Ӯзбкистон мизбони ҳамоиши байналмилалии "Кӯдакони Иттиҳод" аз кишварҳои узви ИДМ шуд, ки қариб 10 соли охир анъана шудааст
Sputnik
Дар Ӯзбекистон ҳаштумин анҷумани байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии “Кӯдакони Иттиҳод”-и кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад.
Ба иттилои баргузоркунандаҳо, ҳадафи аслии ҳамоиш эҷоди як майдони байналмилалӣ барои тарбияи кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ мебошад.
Соли равон дар ин ҳамоиш 10-нафарӣ мактаббачаҳо ва роҳнамоҳояшон аз Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
Ба ҳайати Тоҷикистон аллакай муяссар шуд, ки бо намояндагони тамоми кишварҳои дигар дӯстӣ пайдо кунад ва ба онҳо "Тоҷикистон ба пеш" гуфтанро ёд диҳад.
"Истеъдодҳои ҷавон" аз вилояти Хатлон боздид карданд
Пайрав Раҳимӣ аз Тоҷикистон, таассуроташ аз ширкат дар ҳамоиши байналмилалии фарҳангӣ ва маърифатии кишварҳои узви ИДМ мусбат арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи Пайрав, ба ӯ бештар аз ҳама шиносоӣ бо намояндагони халқҳои дигарро писандид.
"Онҳо гуфтанд, ки "Тоҷикистон ба пеш". Ҳар касе, ки ин суханро гуфт, ман ба ӯ нигоҳ кардам ва мо ба ҳамдигар табассум мекардем", - нақл кард талаба.
Чорабинии мазкур дар лагери кӯдаконаи "Симурғ" - и вилояти Тошканд идома дорад. Ин ҳамоиш аз соли 2013 тақрибан ҳамасола баргузор мешавад. Дар давоми мавҷудияти он дар маҷмӯъ беш аз 700 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд.