ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Барномаи дастгирии шуғли аҳолӣ натиҷаҳои фаъолияти худро дар тӯли 15 сол нашр кард.
Дар ин бора аз “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” хабар доданд.
Ташкилот курсҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод мекунад.
Ҳамин тариқ, дар ин гузориш гуфта мешавад, ки, маркази мазкур зарфи ин муддат қариб 500 ҳазор нафар мутахассис тайёр кардааст.
Аз ин шумора 33,6% дар доираи барномаи дастгирии фумҳурӣ маълумоти касбии ройгон гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дорои 34 филиал буда, дар 110 самт ба шаҳрвандон таълим медиҳад.
Қаблан Агентии омори ҷумҳуриявӣ дар бораи коҳиши шумори бекорон хабар дода буд.
Бино ба маълумоти Идораи омор, шумораи шаҳрвандони бекор, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, дар охири моҳи феврали соли 2023 51,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо моҳи феврали соли 2022 ин рақам 5,6% коҳиш ёфтааст.
Тавре коршиносон афзудаанд, занон 49,3 дарсади шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.