Тасдиқи ваколатҳои 2 вакили нав дар Хатлон

Комиссияи вилоятии интихобот дар Хатлон аз вуруди 2 вакили нав ба ҳайати Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҷои вакилони хориҷшуда гузориш додаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум ваколати 2 вакили нав тасдиқ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода баргузор шуд.
"Вакилон ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум Назарзода Бахтиёр - раиси шаҳри Кӯлоб ва Мирзозода Нурулло - раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро тасдиқ намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Давлаталӣ Саид вазифаи нав гирифт
Дар ҷаласа раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №8, Ҳамадонӣ №50 ҳисобот додаст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вализода Абдуқодир Исуф аз мақоми раиси шаҳри Кӯлоб барканор шуда, ба ҷои ӯ Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори нав таъйин гардида буд. Ҳамакнун Назарзода вориди Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ низ шуд.
Инчунин Мирзозода Нурулло Абдулҳай пештар ба мақоми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тайъин гардида буд. Ӯ дар ин мақом Одиназода Бозоралӣ Неъматро иваз кард.