Муфтии Чеченистон: Ғарб ҷанг бо Исломро қонунӣ кард

Тамоми сиёсати давлатии Ғарб пур аз бехудоӣ буда, ба паҳн кардани парастиши ифротгароӣ ва нопокӣ нигаронида шудааст, мегӯяд ходими динӣ.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ғарб ҷанги зидди исломро қонунӣ кардааст ва амали сӯзондани Қуръон, ки пулиси Стокҳолм иҷозат додааст, боз як далели ин аст.
Ин нуктаро муфтии Чеченистон Салоҳ Межиев дар саҳифааш дар Telegram баён дошт.
"Бандагони Иблиси лаъин сиёсати нопоконаи худро алайҳи тамоми ҷаҳони ислом идома медиҳанд. Дар рӯзи муқаддас барои тамоми мусалмонон бори дигар Қуръонро тамасхур мекунанд", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи Межиев, пулиси Шветсия онҳоеро боздошт мекунад, ки кӯшиши боздоштани ин амалро доранд ва бо ин васила худро ба ҷазои бераҳмона дар ин дунё ва ҷаҳони абадӣ маҳкум мекунанд.
Дар Қазон намоишгоҳи осори паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷараён дорад
Муфтӣ афзуд, тамоми сиёсати давлатии Ғарб аз бехудоӣ пур буда, ба паҳн кардани парастиши ифротгароӣ ва бадӣ нигаронида шудааст.
"Душманони Аллоҳи мутаъол бори дигар чеҳраи аслии худро нишон дода, ҷанги зидди ислом ва мусалмононро қонунӣ карданд. Ин идеологияи ҷаҳони ғарбист", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин намоишнома нест, ки дар пойтахти Шветсия баргузор мешавад.
Моҳи январи соли 2022 сиёсатмадори ифротгаро ва раҳбари ҳизби зидди исломии "Масири сахт" Расмус Палудан дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро ба таври намоишкорона сӯзонд. Ин ҳам бо иҷозати мақомоти шаҳр сурат гирифта буд.