ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷойи ҳодиса, ки дӯ руз пеш дар Ҷамоати деҳоти Барвози деҳаи Миденвед сар зада буд, дидан кард.
Раиси ВМКБ ба масъулин барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба масъулин дастур дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ роҳҳо дар ин самт кушода шуда, ҷамоатҳои боло бо барқ таъмин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа сел фаромад, ки ба сокинон зарари калони моддӣ расонид.
Раиси ВМКБ аз ҷойи ҳодиса дидан намуда ва бо зарардидагон сӯҳбат намуданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ситод назди Раиси ВМКБ доир гардида, ҷиҳати бартараф намудани офати табиӣ ва барқарор намудани хонаҳои истиқоматӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дада шуда буд.
Тибқи иттилои манбаъ, бино бар баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва бо суръати тез об шудани барф дар доманакӯҳҳо, хатари фаромадани сел дар баъзе минтақаҳои вуҷуд дорад.