ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек ба муовини раиси девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Мередов Рашид нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки пас аз супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти сафир бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон баргузор гардид.
"Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як дастур Шарифзода Фаррух Ҳомиддинро аз вазифаи сафир дар Туркманистон барканор кард.
Далели барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ гардидааст. Ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардидаст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сафоратхонаҳои кишвар охири моҳи майи соли равон анҷом дод.