ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар шаҳри Қаршӣ ҳафтаи мулоқоти гурӯҳҳои кории комиссияи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар натиҷаи ҷаласаи гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки марзии ду кишвар протокол имзо шуд.
"Зимни мулоқот масъалаҳои убури хатти сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон таъкид намуд, ки мулоқот бо ҳайати тоҷикистонӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудаст.
Ҷонибҳо дар протоколи навбатӣ имзо намуда, созиш кардаанд, ки вохӯрии навбатии ҷонибҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.