Вазир: Дар солҳои наздик зиёда ҳазор километр роҳ, сохта, таъмир ва барқарор мешавад

Вазири нақлиёти кишвар эълон кард, ки солҳои наздик боз таъмир, сохтмон ва барқарорсозии зиёда аз ҳазор километр роҳҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар паёми табрикотиаш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид кардааст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба чор сӯи олам роҳ кушод.
Вай гуфт, дар ин самт то имрӯз қариб 60 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 20 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, зиёда аз 2200 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ҳамчунин, вазири нақлиёт таъкид кард, ки солҳои наздик боз таъмир, сохтмон ва барқарорсозии зиёда аз ҳазор километр роҳҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
Вай илова кард, ки имрӯзҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон 10 долони байналмилалии нақлиётии транзитӣ мегузарад.
Ҳамзамон, вазири нақлиёт зикр кард, ки сохтмони пулҳо дар ВМКБ, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Қизилқалъа - Бохтар дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расида, корҳо аз рӯи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихум – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, Данғара – Оқмазор ва ғайра идома доранд.