Сели харобиовар дар ноҳияи Роштқалъа хонаҳоро шуст

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати рафъи офати табиӣ ва барқарорсозии биноҳои истиқоматӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар пайи боронҳои шадид ВМКБ сел азим ба амал омад.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти раиси вилоят иттилоъ дода, афзудааст, ки дар пайи он ноҳияи Роштқалъа осеб дидааст.
Ба иттилои манбаъ сел асосан ба сокинони деҳоти Барвози ноҳияи мазкур зарари калони моддӣ расонидааст.
1 / 4
В ГБАО сошел мощный селевой поток
2 / 4
В ГБАО сошел мощный селевой поток
3 / 4
В ГБАО сошел мощный селевой поток
4 / 4
В ГБАО сошел мощный селевой поток
Вайрон шудани чандин хонаҳо ва иншооти ёрирасон аз харобиҳои ин офати табиӣ гуфта мешаванд.
Дар пайи ин рухдоди табиӣ раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба маҳалли ҳодиса рафта, бо осебдидагон суҳбат анҷом додааст.
Пас аз ин дар ҳукумати ноҳия ӯ бо намояндагони ВКД ва алоқа мулоқот дошт.
Зимни суҳбат Алишер Мирзонабот ҷиҳати рафъи офати табиӣ ва барқарорсозии биноҳои истиқоматӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Дар Ишкошим сел чанд хонаро шуст
Ёдовар мешавем, ки Агентии обуҳавошиносии кишвар аз афзоиши шамол дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 15-20 м/с ва боронҳо ҳушдор дода буд.
Ҳамчунин, то 29 июн дар минтақа хавфи фаромадани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ахиран дар ҳудуди деҳаи Мулловоҷии ҷамоати деҳоти Юсуфбеки ноҳияи Ишкошими сел чандин манзилу иншоотҳо ва заминҳои кориро хароб кард.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сел бо сангу лойи зиёд ду хонаи истиқоматӣ, ду манзили ёрирасон ва 1,2 га замини зироати кишоварзиро хароб кард.