ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Русия ва Чин бо саъю талоши якҷоя қодиранд нақшаҳои хавфноки Ғарб ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолиро, ки кушиш доранд ваҳдатро дар фазои умумии Авруосиё вайрон кунанд, барбод диҳанд.
Дар ин бора Игор Моргулов, сафири Русия дар Чин дар маросими ифтитоҳи конфронси VIII байналмилалии "Русия ва Чин: ҳамкорӣ дар давраи нав" изҳор дошт.
"Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ, ки аз ҷониби Вашингтон идора мешавад, кӯшиш мекунад, ки ба фаъолияти худ доираи ҷаҳонӣ диҳад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи НАТО ворид шудан ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором буда, "кӯшиш мекунад, ки фазои умумии Авруосиёро ба шабакаи клубҳои истисноӣ ва блокҳои низомӣ тақсим кунад".
"Ин нақшаҳои хеле хатарноканд, дӯстони азиз, аммо ман итминон дорам, ки Русия ва Чин метавонанд бо талошҳои муштарак аз ин нақшаҳои хатарнок ҷилавгирӣ кунанд",- гуфт сафир.
Чунон ки Моргулов зикр намуд, дар ин замина "таҷдиди координатсияи сиёсати берунии Русия ва Чин" хеле муҳим аст.
Шӯрои равобити байналмилалии Русия ва Академияи улуми иҷтимоии Чин аз соли 2015 ҳамасола дар Маскав ва Пекин конфронси муштарак баргузор мекунанд.
Онҳо ба форумҳои пешбари коршиносони Русия ва Чин табдил ёфтаанд, ки масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мекунанд.
Ин бор тамаркуз ба чолишҳои Чину Русия дар вазъияти душвори геополитикии ҷаҳонӣ равона шудааст.