ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов дидору мулоқот карданд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти ҳукумати вилоят иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ имконоти иқтисодӣ ва сармоягузории вилояти Сурхондарё вобаста ба омилҳои иҷтимоӣ ва ҷуғрофӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, намояндагони ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои минтақаи Узбакистон ва вилояти ҳамсояи он Хатлони Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Зимнан зикр гардид, ки ду минтақа метавонанд дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, инчунин дар соҳаҳои чармгарӣ ва истеҳсоли пойафзол ҳамкориҳои судманд ба роҳ монанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки теъдоди рекордии шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо бо мақсади сайёҳӣ, балки барои табобат ҳам аз марз бо Ӯзбекистон убур кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2023 дар маҷмӯъ каме беш аз 2,5 миллион нафар вориди кишвар шудаанд, ки ҳудуди 800 ҳазор нафар аз Тоҷикистон будаанд.