Ташкили Шӯрои муштараки тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Қатар

Дар мулоқот ҳамчунин равобити ҳамкориҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши он, ки ба нафъи иқтисоди ҳар ду давлат аст, баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Қатар созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки тиҷорӣ (JBC) ба имзо расонданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти утоқи бозаргони Қатар хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ахиран музокирот миёни муовини аввали раиси ин ниҳоди қатарӣ Алӣ бин Аҳмад Ал Куварӣ ва раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода сурат гирифтааст.
"Таъсиси Шӯрои муштараки тиҷоратӣ барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвари дӯст зарур аст", - шарҳ дод манбаъ.
Дар мулоқот ҳамчунин равобити ҳамкориҳои ду ҷониб ва роҳҳои густариши он, ки ба нафъи иқтисоди ҳар ду кишвар аст, баррасӣ шуд.
Ҳамин тариқ, масъалаҳои фазои сармоягузорӣ ва эҷоди лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Дар меҳмонии амири Қатар: кормандони ВКД Тоҷикистон боз ба Қатар даъват шуданд
Алӣ бин Аҳмад Ал Куварӣ аз равобити дуҷониба, ки барои ҳамкорӣ роҳҳои нав боз кардааст, баҳои баланд дод.
Ба гуфтаи ӯ, созишномаи имзошуда ба бахшҳои тиҷорату иқтисод таъсири мусбат гузошта, ба густариши табодули тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар навбати худ таъкид кард, ки ширкатҳои тоҷикӣ ба боз кардани бозорҳои маҳсулоти худ дар Қатар таваҷҷӯҳ доранд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода таъкид кард, ки дар моҳи сентябри соли 2024 кишвараш мизбони як ҳамойиши бузурги байналмилалии сармоягузорӣ мешавад.
Вай намояндагони Палатаи савдо ва саноати Қатарро барои ширкат дар чорабинии иқтисодӣ даъват кардааст.