Шикоятҳои мардуми Норак ба раиси вилояти Хатлон

Сокинони шаҳри Норак ахиран дар дидор бо раиси вилояти Хатлон барои ҳалли чандин масъала аз Давлаталӣ Саид мусоидат хостанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар маҷлисгоҳи шаҳрдории Норак аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон ҷараён дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ раиси вилоят дар ибтидо қайд намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи мақомот қарор дорад.
Таъкид шудааст, ки сокинон аз раиси вилоят барои сохтмони муассисаи таълимӣ тариқи дастгирии лоиҳаҳо дар маҳаллаи Навдеҳ, муолиҷаи фарзандон, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, азнавсозии манзил, ки бар асари сӯхтор вайрон шудааст, сохтмони муассисаи томактабӣ, ҷудо намудани саҳми заминҳои чарогоҳ, иваз намудани симчӯбҳои барқ дар деҳаи Дӯстӣ, ки 2,5 ҳазор аҳолӣ дорад, дархости мусоидати карданд.
Дар Ярмаркаи "Суғд-2023" 25 ширкату корхонаҳои Хатлон иштирок хоҳанд кард
Таъкид шудааст, ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.