ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Панҷ сохтмони технопарки замонавӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти ҳукумати ноҳия хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин тарҳ то соли 2026 амалӣ хоҳад шуд.
Ғайр аз ин барои сохтмони он аллакай 3 гектар замин ҷудо карда шудааст.
"Баъди ба истифода додани технопарк беш аз 280 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд", - таъкид карданд дар ҳукумати ноҳия.
Сохтмони 13 сехи корхонаҳои саноатӣ низ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳоли ҳозир барои бунёди 7 корхона, аз ҷумла истеҳсоли макарон, орд, ҷуворимакка ва коркарди писта 1 гектар замин азхуд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Панҷ сохтмони 232 объекти таъиноти гуногун, аз ҷумла 18 коргоҳ, устохона ва корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.