Мишустин: Русия барои интихоби роҳи худ мубориза мебарад

Сарвазири Русия гуфт, ки ҳангоми кушиши шӯриш ширкати хусусии низомии "Вагнер" тамоми аъзоёни хукумат дар ҷои худ монданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар мулоқот бо муовинони нахуствазир гуфт, тақрибан тамоми мошини низомӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии Ғарб алайҳи Русия нигаронида шудааст.
"Имруз Русия даври муҳими таърихии худро аз cap мегузаронад. Дар ҳақиқат барои хуқуқи интихоб кардани роҳи худ дар асоси манфиатҳои миллӣ ба манфиати халқи худ мубориза мебарем”, - гуфт оқои Мишустин.
Ба эътиқоди сиёсатмадор, вазифаи аслии мақомот дар чунин шароит таъмини соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлат, амният ва некӯаҳволии шаҳрвандон аст.
Мишустин ёдовар шуд, ки "дар ин рӯзҳо кишвар ба як чолишҳои ошкор рӯбарӯ шуд. Кӯшиш барои ноором кардани вазъи дохилии Русия сурат гирифт."
Имкони музокироти сулҳ байни Русия ва Киев ба кумаки Лукашенко
Дар баробари ин, вай афзуд, ки ҳукумати Русия дар ҷои худ боқӣ монда, ба хотири ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъ ва ҳифзи шаҳрвандон аз ҳама таҳдидҳои эҳтимолӣ, ки ба миён меояд, ба таври возеҳ амал кардааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн раҳабари Ширкати хусусии низомии "Вагнер" Евгений Пригожин "марши адолат" ба сӯи Маскав эълон карда буд.
Нерӯҳои ин ширкати низомӣ шаҳри Ростовиро ишгол карда, ҳаракатро ба сӯи пойтахт идома доданд.
Дар натиҷаи гуфтушуниди дуру дарози Лукашенко ва раҳбари “Вагнер” буҳрон бартараф карда шуд.