ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар".
Намоиш — фурӯш дар боғҳои фарҳангӣ фароғатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Бохтар, Конибодом, Ваҳдат, Турсунзода, Панҷакент, Норак, Исфара, Хуҷанд, Рӯдакӣ, Спитамен, Рашт, Хуросон, Варзоб, Мастчоҳ, Ашт, Дарвоз ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир карда мешавад.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таъомҳои миллӣ аз соати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ар Душанбе ба муносибати Иди Қурбон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуд.
ар ин бора қарори раиси шуҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имзо шудааст.
Ҷамшед Олимов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ярмаркаҳо дар чор навоҳии пойтахт баргузор мегарданд:
Имсоили Сомонӣ - бозори "Меҳргон";
Шоҳмансур - назди Кумитаи сохтусоз ва меъморӣ;
Сино - бозори "Деҳқон" ва майдони Қараболо;
Фирдавсӣ - бозори "Саховат".
Манбаъ афзуд, ярмаркаи маҳсулоти нисбатан арзон як ҳафт аз 21 то 27 июн давом мекунад.