ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сухангӯи раҳбари Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, вазъ бо Ширкати низомии хусусии “Вагнер” бидуни талафоти минбаъда ҳаллӣ худро пайдо кард.
Вай гуфт, ки бо гурӯҳи “Вагнер” дар бораи бозгашти низомиён ба урдугоҳҳои саҳроии худ худ созиш карданд.
"Дар натиҷа мо тавонистем ин вазъро бидуни талафоти бештар ҳал кунем", - гуфт Песков.
Ба гуфтаи вай, созиш ҳосил шуд, ки низомиёни “Вагнер” ба урдугоҳҳои саҳроии худ баргарданд.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки тавофуқ шуд, ки оқои Пригожин ба Белоруссия меравад ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ қатъ мегардад.
Аммо оқои Песков нагуфт, ки раҳбари “Вагнер” Евгений Пригожин пас аз сафараш ба Беларус мақом хоҳад гирифт ё кори дигаре хоҳад кард.
"Ман ба ин савол ҷавоб дода наметавонам", - гуфт Дмитрий Песков.
Инчунин сухангӯи Владимир Путин гуфт, ки низомиёни гурӯҳи "Вагнер", ки дар рӯйдодҳои ахир ширкат доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
"Ҳеҷ кас онҳоро бо назардошти хидматҳои онҳо дар ҷабҳа таъқиб намекунад", - гуфт Песков.
Ба гуфтаи ӯ, эҳтиром ба хидматҳои шоистаи онҳо фаромӯш нахоҳад шуд.