ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Соҳибкорони Суғд бо ҳамтоёнашон аз Русия 35 шартномаи ҳамкории тиҷорӣ имзо карданд.
Дар ин бора Ғайрат Қобилзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода.
Ба таъкиди ӯ, санадҳои нав дар доираи Намоишгоҳи тиҷоратии "Суғд 2023" имзо шудаанд.
"Дар умум, миёни соҳибкорони вилоят ва намояндагони Русия, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Белорус ва Чин зиёда аз 75 шартнома имзо шуд", - таъкид намуд Қобилзода.
Ӯ гуфт, созишномаҳо аз содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ ва ташкили корхонаҳои нав дар кишвар иборатанд.
Қаблан дар вилояти Суғд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо раисони палатаи савдо ва саноати минтақаҳои Приморск, вилояти Маскав, Липетск, Краснодар, Курск ва Нижегородск мулоқот баргузор кард.
Шарифҷон Аҳмадов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар доод, ки дар мулоқот ба роҳ мондани ҳамкории минтақаҳои Русия бо вилояти Суғд баррасӣ шуд.
Аз ҷумла масъалаи тиҷорату савдо, содироти меваҷот аз Тоҷикистон ва ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ аз минтақаҳои Русия муҳокима гардид.