ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки аз сафар ба манотиқи ҳаммарз бо Украина худдорӣ кунанд. Дар ин бора ин ниҳод дар сафҳаи Telegram- канали худ хабар дод.
"Мо аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки аз ҷойҳои серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, бахусус бо нақлиёти худ, боздид накунанд" , омадааст дар хабарнома.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба русҳо муроҷиат карда, ҳодисаи ба миёномадаро хиёнат ба мардуму давлат ва корд ба пушт арзёбӣ кард.
Президент хотиррасон кард, ки Федератсияи Русия ҳоло барои ояндаи худ муборизаи шадид мебарад, тамоми мошини ҳарбӣ ва иттилоотии Ғарб ба муқобили он нигаронида шудааст.
"Онҳое, ки алайҳи ҳаммаслакони худ силоҳ бардоштанд, ба Русия хиёнат карданд ва барои ин ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ва ман аз онҳое, ки ба ин ҷиноят даст мезананд, даъват мекунам, ки ба хатои марговар, фоҷиабор ва нотакрор роҳ надиҳанд ва дар амалҳои ҷиноӣ иштирок накунанд", - талаб намуд роҳбари Русия.