ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Душанбе тафсилоти бештари садамаи пурқурбонии рӯзи 21-уми июн дар пойтахтро нашр кард.
Тибқи гузориши ин ниҳод, дар рухдоди ҳодиса сокини шаҳри Душанбе, бозраси Шӯъбаи назорати техникии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон О.М муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, О.М - рутбаи низомиаш “майори милитсия” - бо ҳамроҳии С.С. сокини шаҳри Душанбе, сари чанбарак ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо суръати зиёда аз 100 км/соат муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи Ю.З бархӯрдааст.
Ҳодиса дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Н. Ганҷавии пойтахт дар рӯбарӯи бинои тарабхонаи “Чаманоро” рух додааст.
Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронандаи 22-солаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” бо як мусофираш дар ҷойи ҳодиса ва мусофирони дигар - падару писари хурдсолаш дар беморхона ба ҳалокат мерасанд.
Ҳамчунин, мусофири худрави тамғаи “БМВ Х5” С.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар робита ба ин ҳодиса Прокуратураи шаҳри Душанбе, нисбати мақомдори ВКД О.М бо моддаи 212 қисми 5-и КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Гуфта мешавад, ки нисбати гунаҳгор чораҳои қатъӣ дида мешаванд.